Видео: Маросими видоъ бо Пайванди Гулмуродзода дар Душанбе
Ҷанозаи Пайванди Гулмуродзода, донишманди шинохтаи тоҷик ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки шаби гузашта аз дунё реҳлат кардааст, дар гӯристони "Чортут"-и Душанбе ба хок супурда шуд.
Ба қавли пайвандони ин донишманди тоҷик, ӯ бар асари сактаи қалбӣ дунёро падруд гуфтааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҳамкоронаш дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, Пайванди Гулмуродзода рӯзи якшанбе, ҳафтуми апрел, ҳамроҳи онҳо дар як маҳфил ҳузур дошт.
Пайванди Гулмуродзода, ки 57 сол дошт, дар вилояти Ҷиззахи Узбакистон ба дунё омада, соли 1973 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳии давлатии Тоҷикистон шомил мешавад. Соли 1978 пас аз хатми донишгоҳ фаъолияташро дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон оғоз намудааст.
Муассис ва бунёдгузори фаслномаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии "Гули мурод" (1996) буда, муҳарририи нашрияи "Қалам" (1997-2001)-ро бар уҳда дошт. Муаллифи рисолаҳои "Публицистика и время" ва "Маорифпарварӣ ва низоми ҷаҳон", китобу васоити таълимии "Журналистикаи советии тоҷик" (ҳаммуаллиф), "Жанрҳои таҳлилии матбуот" (ҳаммуаллиф), "Ҳамосаи инсони кор" (ҳаммуаллиф) ва зиёда аз 100 мақолаи илмист. Ӯ дар таҳия ва баргардони осори адибони оғози садаи бист Абдуррауфи Фитрат, Сайидризо Ализода низ саҳм гузошта, китобҳои "Мунозара", "Шӯриши Восеъ", "Оила ё худ вазоифи хонадорӣ", "Баёноти сайёҳи ҳиндӣ", "Қоидаҳои забони тоҷикӣ"-и Фитрат ва "Маслаки мо ҳақ"-и Саидризо Ализодаро бо муқаддимаҳои муфассал чоп кардааст.
Гулмуродзода узви Иттиҳоди адибон ва журналистони Тоҷикистон буда, бо медали "Хидмати шоиста" ва унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадр шудааст.