Генерали амрикоӣ теъдоди сарбозони ИМА баъди соли 2014 дар Афғонистонро муайян мекунад
Мартин Демпси, роҳбари Кумитаи раҳбарони ситодҳои низомии ИМА вориди Афғонистон шуд.
Вай аз пойгоҳи ҳарбии Амрико дар Бағром дидан кард. Ҳадафи ин сафари генерали баландпояи амрикоӣ дидор бо фармондеҳони нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ва баррасии ҷадвали хуруҷи неруҳои байналмилал дар имсол ва соли оянда аз хоки давлати исломӣ гуфта мешавад. Бино ба иттилои радиои «Салом ватандор», генерали амрикоӣ ҳамчунин муайян хоҳад кард, чӣ теъдоде аз сарбозони амрикоӣ баъди соли 2014 дар кишвари исломӣ боқӣ мемонанд.
Қаблан, Мартин Демпси гуфта буд, барои муайян кардани теъдоди хизматчиёни ҳарбии Амрико дар Афғонистон баъди соли 2014 бояд зарфияти неруҳои афғон омӯхта шавад, ки «то куҷо вазифаҳои худро иҷро мекунанд». Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Афғонистон 66 ҳазор низомии Амрико мустақар аст.