Озмуни “Озодагон” бахшида ба Чемпионати 22-юми Тоҷикистон
Мавсими нави футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олии кишвар рӯзи 6-уми апрел оғоз мегардад. Дар бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон-2013, 10 дастаи Лигаи олӣ миёни ҳам рақобат хоҳанд кард. Дар ҳар давр 5 бозӣ баргузор мегардад. Марҳилаи аввали бозиҳо то 15-уми июни соли 2013 идома меёбад.
Нахустин бозиҳо рӯзи шашуми апрел миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Вахш”, “Хайр” - “Панҷшер”, “Регар-ТадАЗ” – “Хуҷанд” ва “Парвоз” - ССКА “Помир” баргузор мешавад. Оғози ҳамаи бозиҳо -- соати 16:00
Дастаҳои ширкаткунанда:
1. «Равшан» (Кӯлоб
2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
3. “Истиқлол” (Душанбе)
4. «Хайр» (Ваҳдат)
5. “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)
6. «Вахш» (Курғонтеппа)
7. ССКА “Помир” (Душанбе)
8. “Хуҷанд” (Хуҷанд)
9. “Истаравшан” (Истаравшан)
10. «Энергетик» (Душанбе)
“Озодагон” бо се суол миёни хонандаҳо ва дӯстдорони футбол озмун эълон мекунад.
Саволи 1: Имсол кадом даста аз рӯи чанд имтиёз ва дар бозӣ бо кадом тим қаҳрамони Тоҷикистон мешавад?
Саволи 2: Ба бовари Шумо, ҷойҳои дуюму сеюмро кадом дастаҳо соҳиб мешаванд ва чанд имтиёзӣ ба даст хоҳанд овард?
Саволи 3: Кадом бозигар бештар гол мезанад ва чанд гол?
Нафаре, ки ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавоби дуруст пешниҳод мекунад, соҳиби ҷоизаи махсуси “Озодагон” ва ҳамчунин ду нафари дигаре, ки ба саволҳо қисман посухи дуруст медиҳанд, соҳиби ҷоиза ва туҳфаҳои "Озодагон" хоҳанд шуд.
PS: Ҷавобҳо то шашуми июни соли ҷорӣ қабул карда мешаванд!