Посухи як масъули Вазорати тандурустӣ ба Эшони Нуриддин
Як мақоми Вазорати тандурустии Тоҷикистон роҷеъ ба назари Эшони Нуриддин дар мавриди издивоҷҳои хешутаборӣ ва ташхиси гентикӣ изҳори назар кард.
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “пешниҳоди Нуриддин Тураҷонзодаро қабул дорем ва мо низ дар фикри ташхисӣ генетикӣ будем. Аммо факту ракамҳои пешниҳоднамудаи эшон дар мавриди кӯдакони маъюб ба маълумоте, ки мо дар даст дорем, рост намеояд.”
Ба дунболи пешниҳоди вакили Маҷлиси Намояндагон, Саодат Амиршоева, дар мавриди манъи никоҳҳои хешутаборӣ, ду ҳафта пеш Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, низ изҳори назар карда буд. Ӯ дар як матлабе, ки дар торнамои хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ба нашр расонд, гуфт, аз 25 ҳазор кӯдаки носолим, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ба дунё меоянд, ҳамагӣ 4 дарсадаш ҳосили никоҳҳои хешутабориянду тамом. Дар ҳоле ки ба иддаои масъулони Вазорати тандурустӣ ин рақам болотар аз 35 дарсадро ташкил медиҳад.
Шералӣ Раҳматуллоев дар марвиди пешниҳоди Эшони Нуриддин дар робита ба ташхиси генетикӣ гуфт, “мо соли гузашта дар бораи маъюбон дар кишвар мониторинг гузарондем ва ба хулосае омадем, ки бояд лабараторияи генетикиро ташкил кунем. Таъмири бинои лабараторияи мазкур дар назди Пажуҳишгоҳи акушерӣ-геникологии назди Вазорати тандурустӣ дар арафаи анҷомёбист.”
Мусоҳиби мо афзуд, “новобаста аз он ки тӯйшавандаҳо хеш ҳастанд, ё не пеш аз тӯй аз ташхиси генетикӣ гузаронида хоҳанд шуд.”