Заминларза дар Тоҷикистон. 3 бал дар Душанбе, 2 бал дар Хоруғ
Имрӯз, 4-уми апрел, соати 11:31 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тавре аз Хадамоти геофизикии Академияи улуми Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, маркази заминларза 300 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, дар қаламрави Ҷумҳурии исломии Афғонистон буда, иқтидори он дар марказ 5-6 балл, шаҳри Душанбе 3 балл ва дар Хоруғ 2-3 балл аз рӯи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.