Убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби шаҳрванди Ӯзбакистон
Як шаҳрванди Ӯзбакистон бо ҷурми убури ғайриқонунии марз боздошт гардидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, аснои баргузории амалиёти вижаи кормандони милиса дар қаламрави ноҳияи Турсунзода Шавкат Соҳибови 44-сола, сокини рустои Набиеви ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё дастгир гардид. Бино ба қавли манбаъ, боздоштшуда санади тасдиқи шахсият надошта, сарҳадро чанд вақт пеш ғайриқонунӣ убур кардааст. Ба замми ин, шаҳрванди Ӯзбакистон дар бозори марказии Турсунзода бе асноду шартнома ба соҳибкорӣ машғул будааст. Тафтишоти қазияи мазкур аз сӯи масъулини мақомоти интизомӣ идома дорад. {jathumbnail off}