Саволи Шумо ба НУРИДДИН САИДОВ
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, изҳори омодагӣ кард, ки ба суоли хонандагон дар бораи вазъи маориф, илм ва мактабҳо посух бигӯяд. Ҷаноби Саидов аз моҳи январи соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон аст.
Ӯ соли 1956 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм мекунад. Ҳоло доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон мебошад.
Вай то омаданаш ба Вазорати маориф чаҳор сол раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.