Торнамое ба ёди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ фаъол шуд
Торнамое ба хотири Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, фаъол шуд.
Ин торнамо (Нурӣ Ти Ҷей), ки аз сӯйи пайвандони ҷаноби Нурӣ роҳандозӣ шудааст, аксу видео ва осори илмиву ёддоштҳояш аз даврони музокироти сулҳ ва Комиссияи оштии миллиро дар бар мегирад. Дар он ҳамчунин хотираи дӯстону ҳамроҳон ва баррасии коршиносон дар бораи фаъолияти сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гирдоварӣ шудааст.
Пайвандони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, ин торнамо бахшида ба 40-умин солгарди таъсиси ҲНИТ ва 66 солагии Устод таҳия гардид. Ба қавли онҳо ҳоло ин торнамо матолибу бойгонии камтаре дорад ва ба зудӣ комил хоҳад шуд. Наздикони Сайид Абудуллоҳи Нурӣ аз ҳамаи онҳое, ки падарашонро мешиносанд, дархост кардаанд, ки хотироту акс ва ё матлаби худро ба унвонии ин торнамо бифиристанд.