Мардум дар бонкҳо беш аз 3 миллиард пасандоз доранд
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳолати аввали моҳи март, мардум ва корхонаю идораҳо дар бонкҳои кишвар 4,9 миллиард сомонӣ пасандоз доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7 фоиз афзудааст.
Тавре Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар таркиби пасандозҳо маблағҳои шахсони воқеӣ ё худ мардум нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардида, 3 миллиарду 131,8 миллион сомониро ташкил додааст. Ин ниҳод ҳаҷми пасандозҳои ширкату идораҳоро дар бонкҳои кишвар 1 миллиарду 762,2 миллион сомонӣ арзёбӣ мекунад.
Ба иттилои Бонки миллӣ фоизи миёнаи пасандозҳо дар моҳи феврал бо пули миллӣ 15,36 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 9,89 фоизи солонаро ташкил намудааст.