100 масъули баландпояи Русия ба Душанбе омадаанд
Галина Назарова, масъули намояндагии Бунёди авруосиёгӣ дар Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ин ҳайати 100- нафарӣ, рӯзи 5-уми апрел бо масъулини тоҷик нишастеро баргузор хоҳанд кард: «Аз ҷониби Русия, Чернов Владимир Александрович, роҳбари идораи президенти ин кишвар, Морозов Олег Викторович, роҳбари шӯъбаи муносиботи хориҷии Хадамоти муҳоҷирати федералии Русия ва дигар намояндагон аз дастгоҳи предизенти ин кишвар, вазорати корҳои хориҷа, Палатаҳои савдо ва саноати Русия иштирок хоҳанд кард.»
Номбурда илова намуд, ки зимни ин ҳамоиш нақши низоми бонкию молиявӣ дар рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни Русияву Тоҷикистон баррасӣ мешаванд. Инчунин ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст масъалаи будубоши муҳоҷирони корӣ ва таъсири мухоҷират ба муносиботи байниминтақавӣ дар шароити рушди равандҳои интегратсионӣ матраҳ хоҳад шуд.