Нигаронии ВКД аз афзоиши овозаҳо дар бораи кӯдакдуздӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар паи гум шудани Малика ва Сабина аз кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе овозаҳо дар бораи дуздии кӯдакон дар пойтахт афзоиш ёфтааст.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, аксари чунин овозаҳо асос надоранд.
Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллаи Яккачинор мегӯянд, рӯзи гузашта шоҳиди қасди дуздии як кӯдак аз назди масҷиди ин маҳалла шудаанд. Гуландом ном як ҳамсӯҳбатамон қайд намуд, ки дар назди ин масҷид нафарони номаълум аз як мошини бе рақами давлатӣ мехостанд кӯдакеро вориди мошин намоянд, аммо вақте атрофиён ба ин амал диққати махсус медиҳанд, мошин аз он ҷо ғайб мезанад.
Инчунин як корбари навраси шабакаҳои иҷтимоӣ дар сафҳаи интернетиаш навиштааст, ки рӯзи гузашта мошини берақамро дидааст, ки аз наздикиҳои мактаби миёнаи рақами 20 талош кардаанд, наврасеро бидузданд.
Ин овозаҳо дар ҳоле, афзоиш ёфта истодаанд, ки рӯзи 25-уми марти соли равон Сабина Араловаи 5- сола ва Малика Араловаи шашсола, сокинони хиёбони Айнии Пойтахт аз назди манзили худ ғайб задаанд ва то ҳанӯз аз онҳо дараке нест.