Шикасти сеюми “Равшан” дар бозиҳои Ҷоми AFC-2013
Дирӯз, 3-юми апрел, қаҳрамони феълии Тоҷикистон ва ҳамзамон барандаи Ҷоми олии Тоҷикистон, дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, бозии сеюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “D” дар варзишгоҳи “Муҳаммад Ал-Ҳамад”-и шаҳри Қувайт бо тими “Ал-Қодсия”-и Қувайт анҷом дода, бо ҳисоби 0:3 шикаст хурд.
Дар ин дидор ду голи мизбононро Бадер Ал-Мутв-бозигари дастаи “Ал-Қодсия” ба ҳадаф расонид. Одил Иргаше, капитани даста бошад як тӯби дигарро ба дарвозаи меҳмонон ворид намудааст.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи “Ал-Шорта”-и Сурия аз тими «Ал-Рамта»-и Иордания бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Рӯзи 13-уми март дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия дар варзишгоҳи “Шоҳзода Муҳаммад”-и шаҳри Аззаркаи Урдун рақобат намуда, бо ҳисоби 0:2 ба шикаст рӯбарӯ гардид.
Ҳаминтариқ феълан дар даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Ал-Қудсия”, “Ал-Шорта” ва “Ал-Рамта” бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якум дуюм ва сеюм қарор доранд. Дастаи “Равшан” бошад бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Дастаи “Равшан” бозии навбатиашро дар Ҷоми AFC-2013, рӯзи 9-уми апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо “Ал-Қудсия” анҷом медиҳад. Оғози бози соати 15.00 бо вақти Душанбе.
Ёдовар мешавем, дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 аз Тоҷикистон ду даста- “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунанд. Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ", ки аввалин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буданд, рӯзи 12-уми март, дар бозии даври дувум дар шаҳри Хуҷанд аз дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд. Бозии сеюмашон бошад дирӯз, 2-юми апрел, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо тими “Қувайт”-и Қувайт анҷом дода бо ҳисоби 1:3 ноком шуданд.