“Равшан”-и Кӯлоб бо “Ал-Қодсия”-и Қувайт вориди сабқат мешавад
Имрӯз, 3-юми апрел, қаҳрамони феълии Тоҷикистон ва ҳамзамон барандаи Ҷоми олии Тоҷикистон, дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, дар бозии севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D” дар варзишгоҳи “Муҳаммад Ал-Ҳамад”-и шаҳри Қувайт бо тими “Ал-Қодсия”-и Қувайт мубориза мебарад. Оғози бозӣ соати 19:00 бо вақти Қувайт ва 18:30 бо вақти Душанбе.
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Рӯзи 13-уми март дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия дар варзишгоҳи “Шоҳзода Муҳаммад”-и шаҳри Аззаркаи Урдун рақобат намуда, бо ҳисоби 0:2 ба шикаст рӯбарӯ гардид.
Натиҷаи ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” чунин аст: Тими “Ал-Шорта” бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал. Дастаҳои “Ал-Қудсия” ва “Ал-Рамза” бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюм ва сеюм қарор доранд. Дастаи “Равшан” бошад бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Ёдовар мешавем, дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 аз Тоҷикистон ду даста- “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунанд. Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ", ки аввалин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буданд, рӯзи 12-уми март, дар бозии даври дувум дар шаҳри Хуҷанд аз дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд. Бозии сеюмашон бошад дирӯз, 2-юми апрел, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо тими “Қувайт”-и Қувайт анҷом дода бо ҳисоби 1:3 ноком шуданд.