БОР барои таҷдиди роҳи Айнӣ-сарҳади Узбакистон 100 млн. медиҳад
Имрӯз, 3-юми апрел, парлумони Тоҷикистон созишномаи грантӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд (БОР)-ро тасвиб кард.
Тибқи ин созишнома БОР барои таҷдиди роҳи автомбилгарди Айнӣ-сарҳади Узбакистон 100 миллион доллари бебозгашт медиҳад. Ҳамчунин барои роҳи Айнӣ – сарҳади Узбакистон Фонди ОПЕК 14 миллион доллар қарзи 20-сола ҷудо кардааст, ки замони бозгардондани он аз соли 2017 то 2032 идома хоҳад дошт.
Зимни ҷаласаи парлумон таъкид шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 9 лоиҳаи таҷдиду тармими роҳҳо амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи умумиашон 1,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.