Даргирии муҳоҷирони тоҷик дар Русия куштаву маҷруҳ бар ҷой гузошт
Дар шаҳраки «1- май»-и шаҳри Балашихаи вилояти Маскав, санаи 1-уми апрел, миёни шаҳрвандони Тоҷикистон- сокинони ноҳияи Ванҷ ва ҷамоати Язғулом муноқиша сар задааст.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории "Озодагон" иттилоъ доданд, дар натиҷаи ин занозанӣ аз тарафи сокинони Язгулом як нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Ванҷ, деҳаи Бунай, Асоев Талабшо Ширинович (соли таваллудаш 1982) бо корд захмӣ гардида, ба беморхонаи 14-и ноҳияи Соколникии шаҳри Маскав бистарӣ мешавад.
Манбаъ илова намуд, ки «ҳамзамон тақрибан соати 20-и бегоҳии ҳамон рӯз 3-4 сокини ҷамоати Язғулом (ному насабашон номаълум) дар кӯчаи Проектируемий ноҳияи Измайловои шаҳри Маскав дар наздикии Маркази тиҷоратии Новочеркизовский шаҳрванд Малики Сафаралӣ соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Ванҷ, деҳаи Ровандро, тавассути таппонча мепарронанд. Аз ҷароҳати бардошта Малики Сафаралӣ тақрибан соати 21 дар беморхонаи клиникии шаҳрии 36 ба ҳалокат мерасад."
Бино ба иттилои манбаъ, намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар ҷойи ҳодиса бо кормандони шуъбаи тафтишотии ноҳияи Измайлово мулоқот намуда, муайян кард, ки аз рӯйи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ - ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, айни замон тафтишот идома дорад.