Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 4-уми апрел бо дастаи Непал ва 6-уми апрел бо мунтахаби Афғонистон ба сабқат мебарояд. Мусобиқаи мазкур дар гурӯҳи “D” (Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркманистон ва Қирғизистон) аз 23-юм то 29-уми апрел, дар гурӯҳи “Е” (Бруней Доруссалом, Малайзия, Мянмар, Филиппин ва Тимор Лесте) аз 28-уми май то 3-юми июн, дар гурӯҳи “F” (Бангладеш, Камбоҷа, Индонезия, Лаос, Сингапур ва Тайланд) аз 28-уми май то 3-юми июн, дар гурӯҳи “G” (Чин, Тайван, Гуам, Кореяи Ҷанубӣ ва Марианаи Шимолӣ) аз 20-уми апрел то 26-уми апрел ва дар гурӯҳи “H” (Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Ҷопон, Макао ва Муғулистон) аз 11-ум то 17-уми апрел доир мешавад.