Комиссияи давлатӣ роҳи навбунёди ҳудуди “Саховат”-ро қабул накардааст (АКС)
Комиссияи давлатӣ роҳи навбунёди ҳудуди бозори “Саховат”-и шаҳри Душанберо қабул накардааст.
Саидшариф Анваров, сардори Раёсати сохтмони асосии шахри Душанбе ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, камбудии як қисмати асфалти ин роҳ боиси имзо нагузоштани раиси комиссия гардидааст. Номбурда мегӯяд, аз тарафи кӯчаи Фирдавсӣ роҳро аз нав асфалтпӯш кардан лозим меояд. Сардори Раёсати сохтмони асосии шахри Душанбе афзуд, ки «ҳаво хуб шавад, заводҳои асфалт ба кор дароянд мо ин ҷоро соз мекунем».
Дар мавриди гузаргоҳи зеризаминии “Саховат”, Анваров афзуд, ки аллакай омода аст ва барои ба истифода додани он, имзои комиссияи давлатиро интизоранд. Қаблан гуфта мешуд, ки гузаргоҳи мазкур то январи соли 2012-ум ба истифода дода мешвад ва мушкили роҳбандон дар роҳҳои атрофи бозор ҳал мегардад.
Масоҳати умумии ин гузаргоҳ 2266 метри мураббаъ, дарозиаш 60,7 метр, паҳнояш 12 метру 80 сантиметр буда, дар он бунёди 25 нуқтаи савдо,1 нуқтаи нозири минтақавӣ ва 2 нуқтаи хизматрасонии муҳандисӣ пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии сохтмони гузаргоҳ 19 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.