Сафири Эрон Осиёи Миёнаро пайвандгари 4 кишвари ҳастаӣ гуфт
Ҷойгоҳи муҳими Осиёи Марказӣ дар ҷаҳон ин минтақаро ба чолишҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ табдил додааст.
Ин нуктаро Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, зимни ҳамоиши байналмилалие, ки 2-юми апрел дар Душанбе баргузор гардид, иброз намудааст. Сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, Осиёи Марказӣ танҳо нуқтае аз олам маҳсуб мешавад, ки чаҳор қудрати ҳастаӣ -- Русия, Чин, Ҳинд ва Покистонро ба ҳам мепайвандад.
Ба назари Шеърдӯст, муҳимтарин вижагии геопалитикии Осиёи Марказӣ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр дар Амрико табдил шудани ин минтақа ба арсаи рақобатҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ мебошад. Дипломати эронӣ гуфтааст, рақобатҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ дар Осиёи Марказӣ, илова ба вижагиҳои дохилию ҷуғрофии ин кишварҳо, ин минтақаро дар авоили ҳазораи сеюм ба яке аз муҳимтарин манотиқи сиёсии ҷаҳон табдил додааст. Ба хотири ин аҳамиятҳо дар назарияҳои геопалитикӣ ҷойгоҳи хосеро доро мебошад.
Ӯ бо ишора ба аҳамияти Осиёи Марказӣ барои қудратҳои бузурги минтақаӣ ва ҷаҳонӣ афзудааст, ҳузури Русия дар саҳнаи стратегии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, дар чорчӯбаи талошҳои ин кишвар барои ҳифзи суботи минтақаӣ ва ҷилавгирӣ аз нуфузи хориҷиён дар давлатҳои Осиёи марказӣ қобили фаҳм мебошад.