Гулрухсор: Аз касе чизе тамаъ надорам (Видео)
Ахиран дар шабакаи Ютюб (Youtube) қисми аввали барномаи Телевизиони “Пойтахт” дар бораи шоири маъруфи тоҷик, Гулрухсори Сафӣ, пайдо шуд. Ин барномаро хабарнигор Адибаи Азиз таҳия кардааст ва тақрибан ду моҳи пеш ҳангоми пахши он барномаҳои ТВ “Пойтахт” якбора қатъ гардиданд.
Ҳарчанд аксарият қатъи барномаҳои “Пойтахт”-ро ба ин барнома рабт доданд, вале мақомот гуфтанд, ки қатъи барномаҳои ТВ Пойтахт “мушкили фаннӣ” буд. Фаъолияти “Пойтахт” бегоҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ ба якборагӣ қатъ ва баъд аз як моҳ бо “қайчӣ” задани 10 соати барномаяҳош дубора фаъол шуд. Телевизиони "Пойтахт" шабакаи иттилоотӣ, фарҳангӣ- фароғатӣ ба шумор рафта, шуруъ аз 1-уми ноябри соли гузашта барномаҳои худро 18 соат дар як шабонарӯз пешкаши бинандаҳо менамуд.
Баъд аз гузаштан ба пахши 18-соатаи барномаҳо Абдуқодири Абдуқаҳҳор зимни як мусоҳибааш бо хабаргузории “Озодагон” изҳор дошта буд, ки “мо рақиби ҷидии 4 шабакаи дигар мешавем, зеро аллакай давоми ду ҳафта беш аз 30%-и тамошочиёни ин 4 шабака - «Шабакаи якум», «Сафина», «Баҳористон» ва «Ҷаҳоннамо» ба телевизиони мо гузаштанд”.