Ҳимояти Нуриддин Саидов аз донишҷӯёни ихроҷшуда
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, дар робита ба ихроҷи чаҳор донишҷӯи тоҷик аз Донишгоҳи давлатии Аштархон (Астрахан)-и Русия ба роҳбарияти он нома фиристодааст. Дар ин бора ба “Озодагон” сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, Маҳмудхон Шоев, хабар дод.
Ӯ гуфт, дар нома аз раҳбарияти Донишгоҳи Аштархон дархост шудааст, то иҷоза бидиҳанд, ки чаҳор донишҷӯи тоҷик ба таҳсили худ идома бахшанд. Ин чаҳор нафар дар пайи муноқиша бо гурӯҳе аз донишҷуёни туркман ҳангоми бозии футбол аз донишгоҳ хориҷ шудаанд. Вазорати маориф мегӯяд, ин донишҷӯёни тоҷик ба гуноҳи худ иқрор кардаанд ва беҳтар аст, ки ҳоло таҳсилашонро идома диҳанд.
Ин чаҳор донишҷӯи тоҷик Умедхӯҷа Додохӯҷаев, Собир Некқадамов, Шоҳрух Маҳмудов ва Аҳрор Нодиров мебошанд, ки дар риштаҳои мухталифи Донишгоҳи давлатии Аштархон таҳсил мекарданд. Онҳо дар пайи ихроҷашон аз донишгоҳ бо номае аз Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва ҳамчунин Вазорати маориф кумак хоста буданд.