Отаева: Узбакистон дар масъалаи ҳуқуқи башар пешрафте надорад
Раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна мегӯяд, дар Узбакистон ҳеч пешрафте дар мавриди ҳуқуқи башар мушоҳида намешавад.
Ин нуктаҳоро Надежда Отаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна, дар Женева зимни ҷаласаи баррасӣ намудани масоили ҳуқуқи башар дар робита ба Узбакистон иброз намудааст.
Ба гуфтаи Отаева, бо вуҷуди қабул гардидани конвенсияҳо зидид шиканҷа ва ворид намудани моддаи 235 оид ба манъи шиканҷа ба Кодекси ҷиноии ин кишвар ҳанӯз ҳам аз тарафи кормандони мақомоти узбак хунукназарӣ ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон ба назар мерасад.
Отаева мегӯяд, мақомоти Тошканд аз боз шудани 9 парвандаи ҷиноӣ алайҳи афроде, ки ба иттиҳоми раво дидани шиканҷа боздошт шудаанд, ба Кумитаи Созмони Миллали Муттаҳаид оид ба ҳуқуқи башар хабар медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳуқуқшиносони Узбакистон то рафт мавриди шиқанҷа дар ин кишвар бештар ба назар мерасад.