Дар чемпионати Осиё оид ба бокс Тоҷикистонро 15 нафар муаррифӣ мекунанд
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ба "Озодагон" иттилоъ доданд, ин мусобиқа аз 13 то 24-уми апрели соли ҷорӣ дар Чимкенти Қазоқистон баргузр мегардад.
Дар чемпионати Осиё узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббӣ - Аббос Неъматуллоев дар ҳайати зерин ширкат хоҳанд кард: Муҳаммад Каримов, Умед Яъқубов, Шоҳрух Нозимов, Баҳодур Усмонов, Далер Ҳусейнов, Ҳамза Сулаймонов, Мумин Нозимов, Шаббос Неъматуллоев, Манучеҳр Бобоҷонов, Абубакр Мирзоалиев, Исфандиёр Охунов, Фаридун Азимов ва Аминҷон Муродов. Ҳамчунин Мансур Муҳиддинов ба ҳайси довар дар ин мусобиқа ширкат меварзад.