Даъвои зидди даъво. Аслиддин Низомовро ба додгоҳ кашиданд
Гурӯҳе аз устодони Донишкадаи санъати Тоҷикистон раиси ин донишкада Аслиддин Низомов ва ҳамчунин як донишҷӯи ин таълимгоҳро ба додгоҳ кашидаанд. Дар ҳоле ки қаблан ҷаноби Низомов ин гурӯҳ устодонро дар паст задани шаъну эътибораш муттаҳам карда, 60 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хоста буд.
Абубакр Зубайдов, яке аз ин устодон, ба “Озодагон” гуфт, “Аслиддин Низомовро барои суханҳои таҳқиромезаш ва донишҷӯро барои онки маро порахӯр гуфт, ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе додем”.
Баҳс миёни Аслиддин Низомов, раиси донишкада ва омӯзгорони ин таълимгоҳ дар пайи нашри матлаби «Гуcели мағзҳо дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» оғоз гардид. Дар матлаби нашркардаи «Нигоҳ» гуфта мешавад, ки дар пайи фишори раҳбар муддати чанд соли охир беш аз 10 устоди ин таълимгоҳ, ки ҳамагӣ доктор буданд, аз ҷумла Абӯбакр Зубайдов, Файзӣ Боқиев, Қурбони Собир, Ҷӯра Охӯнов, Ҷӯрахон Обидпур тарки донишкада кардаанд.
Аслиддин Низомов, раиси Донишкадаи санъат ин ҳама даъворо беасос хонда, аз болои устодон ба додгоҳ шикоят бурд. 15-уми март додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аввалин баррасии баҳс миёни Аслиддин Низомов, раиси Донишкадаи санъат ва шаш тан аз собиқ устодони ин донишкадаро оғоз намуд. Низомов дар нахустин рӯзи мурофиа аз додгоҳ талаб намуд, ки шаш тан аз устодони собиқи ин донишкада, ки шаъну эътибори ӯро паст задаанд, ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардозанд.