Чин барои се рӯз марзҳояш бо Тоҷикистонро мебандад
Мақомоти Чин гуфтаанд, аз 4 то 7-уми апрели соли ҷорӣ марзи худро бо Тоҷикистон мебанданд.
Хушнуд Раҳматуллоев, сардори маркази матбуоти Идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ гуфт, “Чин на танҳо сарҳади худ бо Тоҷикистон, балки бо тамоми кишварҳои ҳамсояашро хоҳад баст”.
Мусоҳиби мо мегӯяд, “Чин аз рӯи қарордоде, ки дорад, дар маросими ягон ид ё ҷашнҳо марзи худро бо ҳамаи кишварҳо яктарафа мебандад ва чунин марзбандии ин кишвар ҳеҷ гуна хислати сиёсӣ надорад.”
Ҷаноби Раҳматуллоев мушаххасан нагуфт, ки ба хотири кадом ид ё ҷашне Чин марзаш бо Тоҷикистонро мебандад. Вале бо ин ҳол ӯ афзуд, “ин марзбандии Чин давоми 3 рӯз барои Тоҷикистон ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт.”