Тошканд ба ҷои Youtube "Youtib"-и худро роҳандозӣ мекунад
Дар Узбакистон тасмим гирифтаанд, манбаи наверо таъсис бидиҳанд, ки ҷойгузини «Youtube» хоҳад буд.
Дар ин бора расонаҳои узбакӣ хабар дода, навиштаанд, ин манбаи нав «Yutib» номгузорӣ шудаааст, ки тарҷумаи калкаи он ба забони узбакӣ «фурубарӣ» мебошад.
Муассиси Yutib ё худ Youtube-и узбакӣ мегӯяд, ширкати Google ба онҳо пешниҳод намудааст, ки ин лоиҳаи худро бо қиммати 1,65 миллион доллари амрикоӣ ба он фурӯшанд. Вале онҳо ин пешниҳоди ширкати мазкурро рад намудаанд.