Қирғизистон мехоҳад, ҷудоихоҳони узбакро баргардонад
Парлумони Қирғизистон тасмим гирифтааст, ҷудоихоҳони узбактабор, ки таҳти раҳбарии Қодирҷон Ботуров дар нооромиҳои моҳи июни соли 2010 айбдор мешаванд, ба ин кишвар бозпас оварда шаванд. Бештари ин афрод дар хориҷ аз кишвар қарор дошта, раҳбари онҳо Қодирҷон Ботуров аз кишварҳои аврупоӣ дархости ҳаққи паноҳандаи сиёсӣ намудааст.
Тавре расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд, Юлдузхон Юлдошева, вакили қирғиз аз Ҳизби Ота-Ҷурт, ба парлумон пешниҳод намудааст, ки Қодирҷон Ботуров, собиқ намояндаи мардумии қирғиз бо ҳамроҳии ҳамдастони худ, ки дастандаркорони нооромиҳои моҳи июни соли 2010 дониста мешаванд, ба кишвар бозпас оварда шаванд. Тибқи иттилои манбаъ, ин пешниҳодро Ҳизби Ота-Ҷурти Қирғизистон ва Кумитаи парлумони ин кишвар оид ба умури байналмилалӣ ҷонибдорӣ намудаанд.
Ёдрас менамоем, Қодирҷон Ботуров, намояндаи пешини мардумӣ дар парлумони Қирғизистон бо ҳамроҳии Алишер Сабиров, Иномҷон Абдрасулов, Даврон Собиров ва Каромат Абдуллоева моҳи июни соли 2010 барои сохтани минтақаи худмухтор даст ба тазоҳурот заданд, ки дар натиҷаи он дар шаҳри Уши Қирғизистон, беш аз 500 нафар ҷони худро аз даст дода, чанд тани дигар беному нишон гардидаанд.
Дар акс: Қодирҷон Ботуров