АБДУҶАББОР РАҲМОНОВ
Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, 15-уми марти соли 1959 дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 1978 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин ( ҳоло - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1983 онро бо баҳои аъло хатм мекунад. Баъдан дар ҳамон ҷо ба сифати ассисенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба кор оғоз менамояд.
Солҳои 1985-1987 дар Афғонистон адои вазифа намуда, ноябри соли 1987 ба аспирантура дохил мешавад ва соли 1991 дар мавзӯи «Консепсияи замон дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Пас аз дифои рисола аввал, ба сифати ассистент, баъдан ба сифати саромӯзгор ва дотсенти кафедраи фавқуззикр адои вазифа намуда, як қатор мақолаҳои илмӣ ва методӣ дар мавзӯъҳои мухталифи адабиёт таҳия ва нашр намудааст.
Аз соли 1995 то соли 1999 ба сифати мудири шӯъбаи таълими Донишгоҳи мазкур кор намуда, баъдан ба хотири ба анҷом расонидани рисолаи докторӣ ба рухсатии эҷодӣ баромада, соли 1999 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дифоъ намудааст.
Соли 2004 ба сифати Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз январи соли 2012 то ба имрӯз Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.