Садамаи нақлиётӣ дар Бадахшон 6 кушта бар ҷой гузошт
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ, ки рӯзи 29-уми март дар роҳи Хоруғ-Роштақалъа рух додааст, шаш нафар ҷон бохтаанд. Манбаи мо аз Вазорати умури дохилӣ гуфт, ронандаи атвомашинаи тамғаи “УАЗ-452” Хуҷамёр Рӯзадоров “бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба тарафи рости роҳ ба чуқурии 150 метр сарозер шудааст.”
Дар натиҷа мусоифрон -- Зарагул Қаламоваи 39-сола, Абдулвобзода Бунафшаи 7-сола, Диана Соҳибназароваи 11-сола, Анҷирбибӣ Раҷаббековаи 51-сола, Ҷононбӣ Раҷаббековаи 56-сола ва Гулсара Мамадназароваи 28-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Тавре манбаъ афзуд, бар асари ин сониҳаи нақлиётӣ мусофирони дигари автомашинаи мазкур - Шоҳназар Соҳибназарови 14-сола, Аюби Абдулвобзодаи 9-сола, Дилноза Ниёзмамадоваи 2-сола ва Имомназар Ниёзмамадови 27-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи шаҳри Хоруғ бистарӣ шудаанд.