Шикояти Абдуҷаббор Раҳмонов аз болои хабарнигори “Азия-Плюс”
Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва собиқ вазири маориф, аз болои хабарнигори ғайриштатии “Азия-Плюс” Марҳабои Ҳоким ба идораи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Вай дар ин аризаи худ аз мақомоти пулис хостааст, ки “фаъолияти нодуруст ва ғайрқонунии хабарнигор”-ро баррасӣ кунанд.
Бино ба хабари “Азия-Плюс”, хабарнигори ғайриштатии онҳо Марҳабои Ҳоким субҳи имрӯз, якуми апрел, ба Донишгоҳи омӯзгорӣ рафтааст, то бубинад, ки воқеан духтаронро маҷбур мекунанд, ки ба Донишгоҳи омӯзгорӣ бо кашфҳои пошнабаланд биоянд, ё хайр.
“Баъд аз он ки вай бо чанде аз донишҷӯён сӯҳбат карда ва хостааст шарҳи Абдуҷаббор Раҳмоновро ҳам бигирад, раиси донишгоҳ дастгоҳи аккосӣ ва дастгоҳи сабти ӯро гирифтааст”,-навиштааст «Азия-Плюс».
Рӯзи 27-уми марти соли ҷорӣ маъмурияти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз духтарони донишҷӯ ва муаллимаҳо хостаанд, ки бо пойафзолҳои пошнапаст, аз ҷумла «иринка» ба дарсҳо ҳозир нашаванд.
Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори донишгоҳ ба «Озодагон» гуфта буд, “донишгоҳи мо донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад ва мо омӯзгор тарбия мекунем. Аз ин сабаб наметавонем, он духтаронеро, ки бо либоси урён ё либоси хонапӯшак ба дарсҳо меоянд, роҳ диҳем. Донишгоҳ низомномаи худро дорад, марҳамат, тибқи низомнома либос пӯшида биёянд.”