Хадамот таҷовузи як зан аз сӯи 15 муҳоҷири тоҷикро "ғайривоқеӣ" донист
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таҷовузи як зани укроинӣ аз сӯи15 шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Ростови Русияро “ғайривоқеӣ” донист.
Анвар Бобоев, муовини аввали раиси Хадамоти муҳоҷират, рӯзи якуми апрел дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, “намояндагии Хадамот дар Русия якҷоя бо масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ин масъаларо санҷиш мекунанд. Аммо дар маҳилаи аввали тафтиши қазия шаҳрвандони Тоҷикистон бегуноҳ баромадаанд.”
Ин мусоҳиби мо илова кард, ки “ҳоло таҳқиқ сари ин масъала идома дорад ва дар сурати маълум шудани ҷузъиёти дигар атрофи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъ хоҳем дод.”
Кумитаи расидагии шаҳри Ростови Русия низ аз бегуноҳ будани шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон барои таҷовуз ба номуси як зани укроинӣ хабар дод. Чанде қабл маъмурони пулис дар Ростови лаби Дони Русия 15 шаҳвранди Тоҷикистонро ба гумони таҷовуз ба номуси як зани укроинӣ боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба манобеи худ дар мақомоти пулис иттилоъ додааст.
Манобеи пулис гуфтаанд, афроди боздоштшуда ва зани укроинӣ ҳамроҳ дар як сохтмон кор мекарданд.
Дар акс: Анвар Бобоев, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон