Ба андешаи райис, ин тоифа тавонистанд бо меҳнати ҳалолу содиқи худ солҳои зиёд барои мардуми минтақа хизмати шоистаро ба анҷом расонанд. Акнун вақти он расидаст, ки давлати пирӣ ронанду дар истироҳат бошанд. Ҷойи эшонро мутахассисони ҷавону таҳсилдида ишғол карда, эстафетаи меҳнатиро ба пеш баранд. «Дар айни ҳол барои ин соҳа ҳар чӣ зиёдтар кадрҳои ҷавонро ҷалб бояд намуд. Зеро ҳарчанд бузургони мо мутахассисони варзида гашта бошанд ҳам, вале замони нав таҷҳизоту технологияи ҷадид рўйи кор омадан дорад, ки мутаносибан, мутахассиси замонавиро тақозо мекунад. Гузашта аз ин, ҷавонон ба кор диду назари хоса ва нав доранд, ки бешак барои ояндаи соҳа хеле зарур аст».{jathumbnail off}