“Регар”-“Кувейт” ва “Равшан”- “Ал-Қодсия” ба сабқат мебароянд
Қаҳрамони ҳафтдафъаинаи Тоҷикистон оид ба футбол, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, бозии даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” фардо 2-уми апрел дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд бо тими СК “Кувейт”-и Кувейт анҷом медиҳад.
Каҳрамони феълии Тоҷикистон ва ҳамзамон барандаи Ҷоми олии Тоҷикистон дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бошад, рӯзи 3-юми апрел дар бозии севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D”, дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Қодсия”-и Кувейт ба сабқат мебарояд.
Ёдовар мешавем, дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 аз Тоҷикистон ду даста- “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунанд. Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ", ки аввалин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буданд, рӯзи 12-уми март, дар бозии даври дувум дар шаҳри Хуҷанд аз дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд.
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Рӯзи 13-уми март дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад-и шаҳри Аззаркаи Урдун рақобат намуда, бо ҳисоби 0:2 ба шикаст рӯбарӯ гардид.