Муҳоҷират дар Тоҷикистон маҷбурист, ё ихтиёрӣ?
Бино ба иттилои расмӣ ҳудуди 1 миллион ва бар асоси иттилои ғайрирасмӣ ҳудуди 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия муҳоҷиранд. Хабарнигори "Озодагон" аз намояндагони аҳзоб ва сокинони одиву коршиносон пурсид, ки муҳоҷирати ин теъдод аз сокинони Тоҷикистон маҷбурист, ё ихтиёрӣ?
Фирӯз Саидов, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Муҳоҷират дар мо ихтиёрист. Мардум ҳама вақт ҷоеро мекобан, ки кори сабук бошад. Кори Русияро ба деҳқонӣ дар Тоҷикистон мардум тарҷеҳ медиҳанд. Дар давлатҳои осиёӣ ҳам кор кардан мумкин аст, вале он сангин буда дар Русия кор сабуктару маблағаш ҳам бештар аст. Муҳоҷират як чизи глобалист, ҳатто Чин, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққӣ кардааст, дар тамоми дунё мардумаш дар муҳоҷират кор мекунанд. Ҷаҳони севум хоҳем, нахоҳем муҳоҷир дорад.”
Шавкатҷон Шарипов, раиси бахши ХНИТ дар ноҳияи Ашт:
“Ягон муҳоҷири корӣ агар шароити хуб ва зиндагии арзанда дар ватани худ дошта бошад, ҳеч гоҳ ба ғарибиву ғурбат барои дарёфти қути лоямут сафар намекунад. Муҳоҷират дар Тоҷикистон хусусан муҳоҷирати корӣ бо чандин усул ва роҳҳои сиёсӣ ба сари мардуми тоҷик таҳмил шуда истодааст ва ягон барномаи назарраси пешгирӣ ва камкунии сафи муҳоҷирон, мутаассифона, дида намешавад. Ҳарчанд ин яке аз вазифаҳои асосии мақомот ба ҳисоб меравад. Салби ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, набудани ғамхории иҷтимоӣ, паст будан ва мутобиқи сабади истеъмолӣ набудани маоши шаҳрвандон, то рафт баланд шудани андозҳо, таъмини ҷои кор фақат бо принсипу ғояҳои сиёсӣ ва гурўҳиву хешутаборӣ, сардии муносибати мақомот бо мутахассисони варзида, танг кардани шароити кории тоҷирони боистеъдод дар ватан, кашида гирифтани бизнесҳои тоҷирон аз тарафи гурўҳҳои наздик ба мақомдорон нишондиҳандаи онанд, ки муҳоҷират дар Тоҷикистон на ихтиёрӣ, балки таҳмилӣ ва маҷбурист.”
Моёншоҳ Маҳмадбеков, сиёсатшинос:
“Муҳоҷирати меҳнатӣ характери асосан иқтисодӣ дорад, аммо ихтиёрист. Вақте шахс маҷбуран дар маҳалли зисташ, бехатарияш таҳдид мешавад, ӯ маҷбур мешавад, ки ҷои зисташро тарк кунад, ин аст муҳоҷирати маҷбурӣ. 99 фоизи ин муҳоҷиратҳо ба ҷиҳатҳои иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Чун инҷо корҳо маоши арзанда надоранд. Агар дар дохил қувваи кориро самаранок истифода барему пахта истеҳсол намоем ва мардум дар замин кор кунанд, ҳамроҳи он иқтисод ҳам хуб шавад, мумкин муҳоҷират камтар гардад.”
Алӣ Мастов, коршиноси масоили сиёсӣ:
“Муҳоҷират, ки дар оинаи зиндагии ҳар ҷомеае тобиши иҷборӣ ва ё ихтиёрӣ дорад, дар ҳама давру замонҳо мавҷуд будааст ва то охирзамон боқӣ хоҳад монд. Муҳоҷирати байналмилалиро дар миёни ҳамватанони мо ба ду даста, ба ду мавҷ метавон тақсим кард ва дар ҳар сурат, ин ду даста низ аз навъи ҳиҷрати иҷбориянд. Ангезаи мавҷи нахустини муҳоҷират дар таърихи навини мо, умдатан, сиёсӣ буд: ҳаводиси хунини баҳманмоҳ ва ҷанги шаҳрвандӣ... Ағлаби муҳоҷирони он замон аз русзабонони кишвари мо иборат буданд. Вале мавҷи дувуми муҳоҷират қатъан мавҷ нест, балки бешак, тӯфони муҳоҷирати иқтисодист, ки барои рабудани муҳоҷирони нав дари ҳар хонаводаи дувуми кишвари моро мекӯбад. Мутаассифона, муҳоҷират тамоюл ба афзоиши бештари рӯзафзун дорад ва то ҳол ҳеч чора, ё тадоруки ҷиддие, барои коҳиш додани теъдоди муҳоҷирон андешида намешавад. Бо вуҷуди доштани бархе аз манофеи иқтисодӣ, ҳиҷрати дастҷамъии муҳоҷирони мо, дар оянда авоқиби вахиму ғайри марғубе ба бор хоҳад овард, агар дар ин росто иқдомоти ҳакимона ва тасмимҳои муносибе иттихоз нашавад.”
Ашраф Акрам, коршинос:
“Дар манзили хеш саҳар хеста, як пиёла чой хӯрдану бо аҳли оила хайрухуш намудану ба кор рафтан, бе эҳсоси хавфу хатареву озоду ба роҳат дар кӯча роҳ рафтану баъд аз кор дар пешвозу оғӯши аҳли хонавода фароғат ёфтан, аз хушбахтиҳои бузурги ин олам аст. Мутаассифона, имрӯз аксар мардуми кишвари мо аз ин навъи саодат маҳруму соҳиби толеи хилофи он гардидаанд. Ҳар як муҳоҷир баъд аз ҳамли азоби муҳоҷират орзуи ба ватан баргаштану дар он дарёфти шуғлу дахлеро дар канори аҳлу авлоди хеш парварида, бо ҳазор умед азми онро мекунад. Аммо дар ватан мушкилоти рӯзгор ӯро ба гирдоби пурталотуми хеш фурӯ бурда, роҳи наҷоте ба ҷуз боз думболи ҳиҷрат гирифтан пайдо намегардад. Албатта, муҳоҷират маҷбурист, зеро барои онҳое, ки роҳи ҳиҷратро пеш мегиранд, он ягона воситаи даромаду таъмини аҳли аёл аст ва маҳз ба шарофати муҳоҷирон пояи иқтисоди кишвар ба ҳоле истодаву онҳо ҳамчун шоҳсутуне кишварро доштаанд.”
Мунира Надҷимова, сокини Душанбе:
“Ба фикрам, маҷбурем гӯем, дурустар аст, танҳо инҷо ягон шахс ё сохтор нею талаботи ҳаёт маҷбур месозад, ки шаҳрвандон ба муҳоҷират раванд. Ман бовар дорам, агар дар кишвари худамон ҷойҳои корӣ пайдо шаванд, бисёре аз муҳоҷирон бармегарданд, чунки дур аз ватан будан чи хеле ки худи муҳоҷирон мегӯянд, ҳарчанд маблағи зиёд кор кунанд ҳам, душвор аст.”
Иззат Амон, коршинос:
“Муҳоҷират дар Тоҷикистон маҷбурӣ сурат мегирад. Чунки одамон маҷбуранд барои дарёфти ризқу рузӣ ҳиҷрат кунанд. Зеро ҳиҷрат имкон медиҳад, ки онҳо дар Тоҷикистон аз гуруснагӣ намиранд. То он вақте дар Тоҷикистон имкони шароити кор фароҳам нашавад, ҳиҷрат давом мекунад ва рӯз то рӯз сафи лашкари муҳоҷирон меафзояд.”