Расонаҳои Русия: 15 тоҷик барои “таҷовуз” боздошт шуданд
Маъмурони пулис дар Ростови лаби Дони Русия 15 шаҳвранди Тоҷикистонро ба гумони таҷовуз ба номуси як зани укроинӣ боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба манобеи худ дар мақомоти пулис иттилоъ додааст.
Манобеи пулис гуфтаанд, афроди боздоштшуда ва зани укроинӣ ҳамроҳ дар як сохтмон кор мекарданд. Дафтари матбуоти Идораи умури дохилии вилояти Ростов низ хабари боздошти 15 шаҳрванди Тоҷикистонро таъйид кардааст. Онҳо гуфтаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар вақти баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт шудаанд.
Дар ин замина сафорати Тоҷикистон дар Русия низ изҳори назар карда ва гуфтааст, ин қазияро таҳқиқ хоҳад кард.