Аз нопадид шудани Маликаву Сабина як ҳафта гузашт
Пайвандони Сабина Араловаи панҷсола ва Малика Араловаи шашсола мегӯянд, бо гузашти як ҳафта ҳанӯз аз кӯдакони гумшудаи худ хабаре пайдо накардаанд.
Улуғбек Аралов, падари Сабина Аралова, 1-уми апрел ба “Озодагон” гуфт, “мутаассифона, аз онҳо ягон хатту хабаре нест. Дирӯз чанд занги телефонӣ қабул кардем, вале бенатиҷа буданд. Пештар чанд кас занг зада гуфтанд, ки ду духтаракро дар ин ё он кӯчаи Душанбе дидаанд ва мо ба ҳар ҷое, ки нишон доданд, рафтем, вале духтарони худро пайдо накардем. Дар ҳар сурат, аз онҳое, ки ба мо занг заданд, миннатдорем.”
Улуғбек Аралов дар идомаи суҳбаташ овозаҳо дар бораи дарёфти ҷасади фарзандонашонро беасос хонд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилӣ барои дарёфти ин ду духтараки гумшуда мукофоти пулӣ таъин кардааст. “Ҳар нафаре, ки вобаста ба пайдо намудани ноболиғони мазкур хабари дақиқ пешниҳод менамояд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ қадршиносӣ карда мешавад”,-навиштааст торнамои расмии ин вазорат.
Ёдовар мешавем, ин ду духтарчаи ноболиғ рӯзи 25-уми март, тақрибан соати 16-00, аз кӯчаи Айнӣ бедарак шудаанд. Тимур Аралов, падари Малика Аралова, чанде пештар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ки кӯдаконаш чун ҳарвақта барои бозӣ баромада бедарак шудаанд: “Ҳоло мо гуфта наметавонем, ки онҳоро дуздидаанд ё худ ба ҷое рафта роҳгум задаанд. Мо тамоми хонаҳои хешутаборро пурсуҷӯ кардем, ҳамсояҳо ҳам суроғ мекунанд, тамоми таҳхонаҳои биноҳои истиқоматии наздик ба маҳали зистамонро кофту коб кардем, мақомот ҳам дар ҷустуҷӯ аст, вале мутаассифона ҳоло онҳоро пайдо накардаем.”