Акси Муин бо Манижаи Давлат боиси овозаҳо шудааст
Саҳфаи расмии Муин, овозхони шинохтаи эронӣ, дар Фейсбук акси ӯ бо Манижаи Давлатро, ки соли гузашта дар интернет пайдо шуда буд, шарҳ додааст. Масъулони саҳфаи Муин мегӯянд, ин акс боиси овозаҳо дар миёни форсизабонҳо шуда, ки гӯиё Муин дар манзили худ ҳамроҳи хонаводааш қарор дорад.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи масъулони ин саҳфа, дар акс Муин бо хонум Манижаи Давлат ва дар манзили ӯ қарор доранд. Сафҳаи расмии Муин дар Фейсбук аз ҳаводорони овозхони шинохта хостаанд, то ин иттилоъро бештар паҳн кунанд, ки аз шоеаҳо дар ин замина ҷилавгирӣ шавад.
Муин, овозхони маъруфи эронӣ, бо барномаҳои ҳунарӣ ду бор ба Тоҷикистон омадааст. Акси ӯ бо Манижаи Давлат пас аз сафари ӯ ба Тоҷикистон дар интернет пайдо шуд.