Масоили марбут ба амнияти минтақа ва дурнамои ҳамкориҳо дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Тавре ба мо аз департаменти итиллооти ин вазоратхона хабар доданд, дар робита ба ин рӯзи 6-уми июл мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи вижаи дабири кулли СММ, ҳамзамон, роҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Мирослав Енча баргузор гашт. Зимни нишасти мазкур, як қатор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла стратегияи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳкими амнияти минтақа, мубориза зидди терроризм, таҳкими мудирияти сарҳад, рушди гидроэнергетика ва вазъият дар Афғонистон муҳокима шуданд.{jathumbnail off}