“Забони порсӣ”: Барои ҳифзи забони тоҷикист, ё тахриби он?
Рустам МАҶИДОВ
Дар арафаи наврӯзи имсол хушхабаре расид, ки маҷаллаи нав рӯи чоп омада ва шумораи аввалини он ба Наврӯзи хуҷастапай бахшида шудааст. Чуноне муассисони маҷалла мегӯянд, он “меваи орзӯҳои... гуруҳи “Забони порсӣ” аст, ки беш аз як сол пеш бо ҳадафи нишондани забони порсӣ ба ҷойгоҳи сазовори он дар Тоҷикистон шакл гирифта аст”.
Дар ҳақиқат, хабари хубе буд бароям, чун монанди дӯстони зиёди дигар интизор доштам ин нашрия барои беҳбуди забони тоҷикӣ кӯмаке хоҳад кард. Ин шодиям то замоне буд, ки маҷалла ба дастам афтод. Хато накунам, Таботабоӣ аз Муттаҳарӣ нақл мекунад, ки “барои аз байн бурдани як ақида, ҳатмӣ нест ба он хуб ҳуҷум шавад; кофист, ки аз он бад муҳофизат шавад”. Ба мисли ин, имрӯз аз забони муосири тоҷикию порсии Варорӯд (ё ҳамон Мовароуннаҳр, ки сарзамини Осиёи миёна аст) хеле бад муҳофизат мешавад. Чунин менамояд, ки сафи муҳофизони бади он меафзояд. Аммо бадии кор дар он аст, ки муҳофизони нав хеле чизро бар худ гирифтаанд.
Ҳоло забони тоҷикии порсиро бо ин ном қабул кунем ё на, масъалаи дигар аст. То куҷо он таҳмилист, бояд забоншиносон мушаххас намоянд. Аммо банда ҳамчун як хонандаи қаторӣ оид ба баъзе нукот мехоҳам фикри худро гӯям. Бояд гуфт, алифбои имрӯзаи забони тоҷикӣ, ки сириллик аст, таҳмилист ва розиям, ки он тавони бардошти бори ин забонро надорад. Аммо тӯли муддати зиёд ин ду сарзамин зери таъсири фарҳангу забонҳои гуногун монданд ва ин албатта бетаъсир набуд. Тарзи талаффуз ва гӯиши тоҷикон ва порсизабонони Варорӯд низ аз Эрон фарқ дорад.
Барои мисол, мо калимаи “телевизион”-ро ба ҳамин тарзи талаффуз ва навишт қабул дорем ва истифода мекунем. Ҳоло аз мо мехоҳанд аз ин навишту ин талаффуз рӯ тобему “тилвизюн”-ро қабул намоем. Ҳадди ақал метавонистанд шакли дар Эрон пазируфташудаи “симо”-ро пешниҳод кунанд. Ё худ, “Барак Обама”-ро гузорему ба “Борок Убомо” рӯ орем. Ҳоло, тарзи талаффузи тоҷикӣ чӣ? Дар ҳоле ки дар худи ҳамин маҷалла омада аст, ки “вомвожаҳо хусусияти талаффузи забони вомгирандаро гирифта, ҳаққи ҳалоли онанд”.
Масъалаи дигар боз бармегардад ба ҳамин вомвожаҳо. Фаъолони гурӯҳ бар онанд, ки тоҷикон бояд аз вомвожаҳо рӯ тобанду аз калимаҳои порсӣ, аз он ҷумла, аз забони имрӯзи Эрон, баҳра баранд. Бо ин мақсад меъёри забони порсии Эронро дастур қарор додаанд ва даъват мешавад дигарон низ ҳамин корро кунанд. Аммо то куҷо ин дуруст аст?
Ҳоло, мо наметавонем билкулл ин ҳуҷҷатро аз эрониён нусха кунем. Дар ҳоле ки мо вожаҳое мисли “даромад” ва “баромад”-и тоҷикӣ дорем, чаро “вурудӣ” ва “хуруҷӣ”-и арабиро бигирем? Ё “корд”-и тоҷикиро гузошта “чоқу”-и туркиро қабул кунем? То ҳол чандин бор нусхабардорӣ кардаем ва дардисари онро дидаем, дигар чунин хоҳиш надорам. Бадтар аз ҳама он аст, ки пешниҳод мешавад вомвожаҳои русиро, ки ба онҳо аллакай одат кардаем, бигзорему вомвожаҳои англисию фаронсавиро бигирем. Бале, аз як аҷнабӣ рӯ гардонему равем назди аҷнабии дигар. Ҳоло чӣ фарқ дорад?!
Агар дар муҳофизати забони порсием ва ба ин хотир маҷаллае чоп мекунем, пеш аз ҳама бояд худамон забони худро пок кунем. Агар имкони истифодаи вожаҳои порсӣ-тоҷикӣ ҳаст, чаро аз вомвожаҳои арабию туркӣ ва ғайра истифода кунем? Ҳоло, мо ба кӣ мехоҳем забони ноб биомӯзем, ки худамон ба забони ғайр сухан мегӯем ва менависем?
Ҳоло агар ҳар нашрияи дигар мешуд, метавонистем чашм пӯшем. Аммо замоне як нашрия ба хотири ҳифзи покии забон таъсис шуда, ин ҳаргиз бахшиданӣ нест. Дар ҳоле ки “Вожаномак”-и маҷалла миёни бештар аз 65 калима ҳамагӣ 15-16 калимаи порсисту боқӣ арабист, метавонем гӯем, ки маҷалла барои омӯзиши забони порсии тоҷикист?
Дар худи ҳамин маҷалла “Ъарабӣ” омада, на “арабӣ”. Дар ҳоле, ки мувофиқи имлои забони тоҷикӣ ҳарфи “Ъ” дар аввали калима намеояд. Агар ба ҳамин минвол давом кунад, ҳам аз сирилик ва ҳам аз хати порсии арабиасос мемонем. Забони тоҷикиро куллан аз даст медиҳем.
Танҳо дар саҳфаи аввали маҷалла ҳашт хато пайдо шуд. Дар дохили муқоваи маҷалла соли чоп 1392, мувофиқи солшумории Эрон, нишон дода шудааст ва 2013, ки мувофиқи тақвими расмии Тоҷикистон аст, дар қавсайн омада аст. Дар ҳоле ки тарҷумаи тоҷикии “Шоҳзодаи хурдакак”-и Экзюпери ҳаст, баргардони эронии онро бо номи туркии “Шоҳзодаи кучулу” чоп кардаанд.
Ҳоло ин маҷалла барои ҳифзи забони тоҷикист ё тахриби он?Барои нишондани забони порсӣ бар ҷойгоҳи муносиб дар Мовароуннаҳр аст ё тарғиби гӯиши эронӣ?