Парлумон хост, зарари Узбакистон ба Тоҷикистон ҳисоб шавад
Кумитаи аграрӣ ва экологияи парлумони Тоҷикистон изҳороти мақомоти узбакро дар мавриди он ки корхонаи алюминиюми тоҷик, ТАЛКО, ҳамасола ба Узбакистон 227 миллион доллар хисорот меорад, беасос хонда, ҷавобан пешниҳод кард, ки зарари корхонаҳои наздимарзии Узбакистон ба муҳити зисти Тоҷикистон ҳисоб карда шавад.
Саиди Ёқубзод, раиси Кумитаи аграрӣ ва экологияи парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми март, зимни як нишаст дар Душанбе зарур донист, ки ҳаҷми таъсири заводи куҳии Олмалиқи Узбакистон, заводи металлургии Бекобод, заводи сементи Бекобод ба муҳити Тоҷикистон таҳлил ва ҳисоб шавад. Ёқубзод дар суҳбат бо “Озодагон” ташреҳ дод, ки "ин эътироз нест, вале барои маълумоти худамон бояд ҳаҷми хисороти ҳамсояро ба Тоҷикистон донем."
Ёқубзод пешниҳод кард, ки барои ин як гурўҳи махсуси корӣ ё комисия ташкил шавад ва пеш аз ҳама дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд барои ҳисоби зарари корхонаҳои Узбакистон ба Тоҷикистон фаъолият кунад. Ин масъули парлумон афзуд, Узбакистон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон зиёда аз 5 корхонаи бузург дорад, вале дар бораи корхонаҳои хурд маълумоти дақиқ дар даст нест.