Муолиҷаи Искандари Фирӯз идома дорад
Пайвандони Искандари Фирӯз, журналисти шинохтаи тоҷик, мегӯянд, ҷароҳатҳои шаш моҳи пеш гирифтаи Искандар, ҳанӯз пурра шифо наёфтаанд ва табобаташон идома дорад.
Ҷавоншери Фирӯз, писари Искандар рӯзи 29-уми март дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” саломатии падарашро хуб арзёбӣ карда, афзуд, “Худоро шукр падарам рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст. Хуб ҳарф мезанад вале феълан бо асо ҳаракат мекунад. Зеро, ки то ҳол муолиҷаи пойҳояш идома дорад. Ҳоло табибон иҷозат намедиҳанд, ки бисёр ҳарф занад, ё бо телефон суҳбат кунад.”
Ба гуфтаи Ҷавоншер, падараш пайваста такрор мекунад, ки “шифо ёбам боз ба журналистика бармегардам, зеро аз касбам дил канда наметавонам.”
Искандари Фирӯз, шаби 9-уми октябри соли гузашта ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншери Фирӯз дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, чанд муддат дар ҳолати беҳушӣ дар бемористони Қарияи Боло ба сар бурд. Пас аз як моҳ, вақте Искандари Фирӯз ба ҳуш омад, ӯро барои ҷарроҳии пойҳояш, ки дар вақти садама осеб дида буданд, ба бемористони Ибни Сино интиқол доданд. Пас аз беҳтар гардидани вазъи саломатиаш аз бемористони Ибни Сино ба хонааш рафт.
Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе, охири моҳи декабри соли 2012 шаҳрванд, Насрулло Шарифовро дар садамаи Искандари Фирӯз муттаҳам дониста, ӯро ба муҳлати се солу се моҳ аз озодӣ маҳрум кард.