Кабирӣ: Дар Тоҷикистон экология “сиёсӣ” шудааст
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, рӯзи 29-уми март, зимни як ҳамоиш оиди экология дар шаҳри Душанбе гуфт, ки экология дар Тоҷикистон “сиёсӣ” шудааст.
Кабирӣ зимни ин ҳамоиш афзуд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ фарҳанг ва тафаккури экологӣ ҳанӯз шакл нагирифтааст ва Тоҷикистон ҳам ба ин касалӣ мубтало аст: “Бо таваҷҷуҳ ба ҳар гуна фишорҳо дар Тоҷикистон экология сиёсӣ шудааст. Мо дар Тоҷикистон воқеан, ба як тафаккури сиёсӣ дар бораи экология ниёз дорем. То он вақте, ки мо чунин тафаккур ва фарҳангеро ба вуҷуд наорем гуфта наметавонем, ки экологияи хуб дорем.”
Ба гуфтаи Кабирӣ дар дигар кишварҳо дар хусуси буридани як дарахт экологҳо қарор қабул мекунанд ва онҳо муайян мекунанд, ки дар куҷо дарахт шинонанд ва дар куҷо бино созанд. Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод намуд, ки статуси муваққатӣ будани комисияи экологӣ дар парлумон бардошта шавад, чун ба гуфтаи ӯ экология ин масъалаи муваққатӣ нест.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбуриҳо дар хиёбонҳои пойтахт интиқод намуда, боиси баҳси додгоҳӣ бо шаҳрдори Душанбе шудааст. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли равон қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.