Иттилоияи Кумитаи амният ва "дарс"-и воқеаҳои Рашт
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва воситаҳои нашъадор дар Рашт ду нафарро боздошт кардааст. Ба қавли масъулин, инҳо -- Шоҳиҷангов Абдулҳамид Абдураҳмонович (сокини 33-солаи Рашт) ва Замонов Искандар Маҳмадалиевич (сокини 28-солаи Душанбе) мебошанд.
Тавре аз Кумитаи амнияти миллӣ хабар доданд, "ҳангоми азназаргузаронии манзили Шоҳиҷангов Абдулҳамид аз дохили ҷевони ошхона 1 туфангчаи тамғаи «Макаров» бо 3 тирдон ва 61 дона тир, 5 тири қутраш 70 милиметраи карабин, 4 норинҷаки дастии РГД-5 ва 8 қаламчаи воситаи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардиданд." Ба гуфтаи манбаъ, айни замон аз рўйи ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Кумитаи амнияти миллӣ бо ишора ба ин ҳодиса гуфтааст, "барои иддае аз сокинони водии Рашт воқеаҳои фоҷиабори ин минтақа ҳанўз ҳам дарс нашудаанд ва онҳо ба ҷойи шукргузорӣ аз сулҳу субот, даст ба ҳаракатҳои зиддиқонунӣ мезананд." Кумитаи амнияти миллиии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки "чунин ашхос бояд мутмаин бошанд, ки барои содир кардани ҷиноят тибқи қонун ҳатман ба ҷазои сазовор маҳкум хоҳанд шуд."