Самбочии 22-солаи тоҷик беҳтарин дар дунё эътироф шуд
Акмалиддин Каримов, варзишгари 22 солаи тоҷик, беҳтарин варзишгари дунё дар риштаи самбо эътироф шуд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Каримов дар вазни 57 кило дар рейтинги ҷаҳонӣ сазовори ҷойи аввал гардида аз ҷониби Федератсияи байналмилалии самбо бо медали тилло, ифтихорнома ва як миқдор мукофоти пулӣ қадрдонӣ шудааст.
Ёдовар машавем, ки Акмалиддин Каримов, яке аз шогирдони таҷрибадори Маҳмадшариф Сулаймонов аст, ки бо ҳамроҳии Хушқадам Хусравов, Қандилҷони Рустамзода, Нозим Охиров, Қиёмиддин Авазов ва Умед Раҳматуллоев дар як толор тамрин мекунанд. Акмалиддин Каримов, устоди шоистаи варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони дукаратаи чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва ҷавонон, барандаи ҷойи сеюми чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон, ду карат чемпиони ҷаҳон байни ситораҳои ҷаҳон, ҷойизадори нишони нуқраи Ҷоми ҷаҳон миёни калонсолон, дар солҳои 2011-2012, ду карат чемпиони Осиёи миёни ҷавонон ва калонсолон ва ду карат чемпиони Осиё миёни наврасон аст.