Назари сокинон: Чаро кӯдакон гум мешаванд?
Ахиран нопадид шудани ду духтари хурдсол дар наздикии маркази савдои “Садбарг” (кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе) вокунишҳоеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст. Ҳарчанд гурӯҳи ихтиёриён ва мақомоти пулис онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд, вале ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тақрибан дар як рӯз дар Тоҷикистон як нафар гум мешавад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин манбаъ, дар се моҳи охир беш аз ҳафтод нафар “ғайб” задаанд, ки қисмати аслии онҳоро кӯдакону духтарон ташкил медиҳанд.
Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, аз гумшавии ноболиғон дар кишвар нигаронанд. Яке аз ин мусоҳибони мо тахмин мезанад, ки шояд гурӯҳе барои харидуфурӯши ҷузъҳои бадани кӯдакон онҳоро медузданд.
Гурӯҳе дигар ҳам ин ҳамаро ба бемасъулиятии волидон бастагӣ медиҳад. “Беназоратӣ аз тарафи падару модар аст. Ҳамин ки кӯдакро бе назорат гузоштӣ, ба ягон ҷое мераваду гум мешавад ё хобаш мебарад”,-гуфт яке дигар аз мусоҳибони мо.
Назари раҳгузарони дигарро дар ин навори видео бубинед ва агар назару пешниҳоде доред, дар поёни ин матлаб бинависед.