Озмун: Журналистон муқобили коррупсионерҳо мехезанд
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин озмуни ҷумҳуриявии журналистӣ оид ба тарғиботи зиддикоррупсионии «ВАО муқобили коррупсия»- ро эълон намуданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, озмуни мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Тоҷикистон оид ба татбиқи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 гузаронида мешавад.
Манбаъ афзуд, ки мақсад аз баргузории ин озмун ташаккул додани афкори ҷамъиятии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳолӣ, пешгирӣ кардани қонуншиканӣ ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мебошад. Инчунин ҷалби воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигорон ба ташаккул додани муҳити созгори иттилоотӣ баҳри амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия ва инчунин пурзӯр намудани самаранокии ВАО ҳамчун воситаи муҳими иҷтимоӣ дар ҷодаи пешгирӣ ва фошсозии амалҳои коррупсионӣ равона шудааст.
Дар озмун шахсони ҳуқуқӣ(идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва рӯзноманигорон, муаллифони ҳирфаӣ ва ғайриҳирфаии ВАО-и чопию электронӣ) иштирок карда метавонанд.
Маводҳои ба озмун пешниҳодшаванда бояд дар фосилаи аз 1 уми феврал соли 2013 то 20 уми феврали соли 2014 дар нашрияҳои чопӣ ё интернетӣ дар дилхоҳ жанри журналистӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расида бошанд ва ё тариқи телевизион ё радио пахш гардида бошанд.
Чорабинии расмии эълони натиҷаҳои озмун ва супоридани мукофотҳо ба ғолибон рӯзи 11 марти соли 2014 дар рафти маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор мешавад.