Э. Раҳмон: Тайёрӣ ба зимистон бояд аз ҳозир оғоз шавад
Имрӯз, 28-уми март, таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар баргузор гардид.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни ин ҷаласа пеш аз ҳама нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 тасдиқ карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид таъкид доштааст, ки омодагии ҷиддӣ ба зимистонро аз ҳозир ҳамаҷониба оғоз намоянд. Таваҷҷуҳи президент асосан ба барқарору навсозии марказҳои барқугармидиҳии мавҷуда ва тезондани сохтмони маркази нави барқугармидиҳии шаҳри Душанбе зоҳир гардидаст. Раисиҷумҳур барои захира намудани ангишт, гази моеъ ва мазут низ супоришҳои мушаххас додааст.
Инчунин ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, зимни ин ҷаласа қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2015 ва таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон қабул шудааст.
Дар фароварди маҷлис раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назди масъулин доир ба омода намудани обкашҳои барқӣ барои таъмини кишоварзон бо об, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи об, иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои соҳилбандӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои шадиди офатҳои табиӣ, вазифаҳои мушаххас гузоштааст.