Фоҳишаҳо дар Суғд мегӯянд, аз ночорӣ танфурӯшӣ мекунанд
Амалиёти мавсум ба «Ахлоқ»-и Шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо боздошти наздики 40 фоҳиша анҷом ёфт.
Аз дафтари матбуотии РКД ба «Озодагон» гуфтанд, ки амалиёти мазкур дар ҳудуди шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроқум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд. «Бештари занҳои дастгиршуда аз 17 то 35 сола мебошанд. Ҳоло 38 зани танфурӯш дар қайди Шӯъбаи кофтукови ҷиноии РКД дар вилояти Суғд сабт шуда, нисбати онҳо ҳуҷҷатҳои маъмурӣ тартиб ва ба мақомоти дахлдор ирсол гардид»,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар мегӯяд, дар қаламрави вилояти Суғд то имрӯз 333 зани фоҳиша дар қайди мақомот мебошад. Бештари ин занҳо гуфтаанд, бо далели надоштани ҷойи кори доимӣ ва аз маҷбурӣ танфурӯшӣ мекунанд.