Раисони шаҳру навоҳии Хатлон тирпарониро меомӯзанд
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, 25 раиси шаҳру навоҳии Хатлон сафороӣ, қадамзанӣ ва ҳамчунин тирпаронӣ аз яроқу аслиҳаи сабуки ҷангиро меомӯзанд. Ин ҷамъомади таълимӣ рӯзи 26 март таҳти раҳбарии муовини аввали вазири дифоъ, Рамил Нодиров, оғоз ёфта, то 29 март идома хоҳад кард.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, мегӯяд, дар ин ҷамъомади таълимӣ аз яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ ва техникаҳои зиреҳпӯш истифода мегарданд.
Ба қавли ӯ, ҳадаф аз баргузории ин ҷамъомад “омода будан ба хатарҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани омодагии руҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ аст”.