Сиёсатшиноси амрикоӣ: "Раҳмон коршиноси сиёсати пасипардагист"
Ҷесс Дрисколл, сиёсатшиноси амрикоӣ, дар як таҳқиқоти тозаи худ ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла Тоҷикистону Гурҷистонро муқоиса карда, ба онҳо баҳо додааст.
Натоиҷи ин пажӯҳиши донишманди улуми сиёсии донишгоҳи Калифорния базудӣ дар шакли китоб зери унвони «Баромад аз анархия» ба нашр хоҳад расид. Ҷаноби Дрисколл дар ин рисолаи худ бо собиқ ҷанговароне, ки дар нооромиҳои солҳои 90-уми Гурҷистон ва Тоҷикистон иштирок доштаанд, мусоҳибаҳо анҷом додааст.
Дрисколл дар ин таҳқиқоти худ қайд мекунад, ки дар Гурҷистону Тоҷикистон, фармондеҳону ҷанговароне, ки дар нооромиҳо иштирок намудаанд, фаъолияти худро тамом накарда, балки оҳиста-оҳиста ба сохторҳои давлатии бехатарӣ ворид шудаанд. Ин пажуҳиши сиёсатишиноси амрикоӣ нишон медиҳад, то кадом андоза масири Эдуард Шеварднадзе, раисиҷумҳури пешини Гурҷистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар даврони нооромиҳои 15 соли қабл ба ҳам монанд буданд.
«Ҳукумати ҳар ду кишвар қудратро тавассути волоияти қонун не, балки аз тариқи тавофуқномаҳои ғайрирасмии худ бо ҷанговарон ба даст овардаанд»,-таъкид кардааст Дрисколл.
Ин донишманди улуми сиёсӣ мегӯяд, «дар ин ду ҳодиса ҷомеаи байналмилалӣ барои поён додани нооромиҳо на аз тариқи музокирот ва нақшаҳои хос, балки аз тариқи кӯмакҳои молӣ саҳм гузоштаанд. Ҳукумат барои расондани ёрӣ ба аҳолӣ нотавон буд ва аз созмонҳои байналмилалӣ кӯмак хост.»