Дастаи "Равшан" Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуд
"Равшан"-и Кӯлоб дар бозии футбол барои ба даст овардани Ҷоми олии Тоҷикистон дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Голи аввали бозиро дар дақиқаи 16-ум ҳамлагари дастаи "Равшан", Девид Мауто зад. Дар дақиқаи 42-юм бозингарони "Равшан" боз як тӯбро вориди дарвозаи "Регар-ТадАЗ" карданд. Вақти асосии бозӣ бо ҳамин натиҷа поён ёфт. Дар дақиқаи охири вақти изофа "Регар-ТадАЗ" ба задани як гол муваффақ шуд.
"Равшан" аввалин маротиба ба Суперҷом роҳ ёфт ва дастболо шуд. Аммо "Регар-ТадАЗ" дар се соли ахир аз ҳарифаш- "Истиқлол" шикаст хӯрд.